6
Халқи Носира Исоро рад карданд
Исо бо шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба шаҳри Носира, ки дар он ҷо ба воя расида буд, баргашт. Рӯзи истироҳат Ӯ дар ибодатхона ба таълим додани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯро мешуниданд, ба ҳайрат афтода, чунин мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ҳамаи ин чизҳоро дорад? Ин чӣ ҳикмате ба Ӯ дода шудааст? Чӣ хел мӯъҷизаҳои бузург бо дастони Ӯ иҷро шудаанд? Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Ёқуб, Юшо, Яҳудо ва Шимъӯн ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Пас Ӯро рад карданд.
Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беифтихор намешавад, магар ин ки дар диёр, байни хешон ва хонадони худ қадр надорад».
Бинобар ин Исо дар он шаҳр мӯъҷизаи бузурге нишон дода натавонист, танҳо ба чанд бемор даст расонда, онҳоро шифо дод. Ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат буд.
Исо дувоздаҳ вакилашро мефиристад
Исо ба деҳоти атроф рафта, мардумро таълим медод. Вай дувоздаҳ вакилашро ба пешаш даъват кард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амр карданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод. 8-9  Ӯ ба онҳо фармуд: «Ба ғайр аз асо ҳамроҳи худ чизе нагиред: на хӯрок, на борхалта, на ҳамёни пул ва на либоси иловагӣ. Танҳо пойафзоли оддӣ бипӯшед. 10 Ба ҳар ҷое, ки расидед, то вақти рафтанатон фақат дар як хона бимонед ва онро иваз накунед. 11 Агар дар он ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо биравед ва чанги он ҷойро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».
12 Пас онҳо рафта, эълон мекарданд, ки ҳама бояд тавба карда ба Худованд рӯй оваранд. 13 Онҳо девҳои зиёдеро берун карда, бисёр беморонро бо молидани равған шифо бахшиданд.
Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда
14 Шоҳ Ҳиродус* аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шӯҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда зинда шудааст ва барои ҳамин ҳам чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дар ҳаёташ амал мекунад. 15 Баъзеи дигарон мегуфтанд, ки ин Илёс пайғамбар аст. Қисми дигари одамон мегуфтанд, ки Ӯ яке аз пайғамбарони давраҳои қадим аст.
16 Аммо вақте Ҳиродус инро шунид, гуфт: «Ин Яҳё аст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ва ҳоло ӯ аз нав зинда шудааст».
17-18  Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Ҳиродус ба занӣ Ҳиродияро, ки зани бародараш Филиппус буд, гирифт. Барои ҳамин Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Хонадоршавии шумо бо Ҳиродия, ки зани бародаратон аст, раво нест». Аз ин рӯ, Ҳиродус як даста одамонро барои дастгир кардани Яҳё фиристод. Онҳо ӯро дастгир карда, баста ба ҳабс андохтанд.
19 Дар дили Ҳиродия зидди Яҳё кина пайдо шуд ва ӯ хост, ки Яҳёро бикушад, лекин ин корро карда наметавонист, 20 чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онҳоро гӯш кардан барояш маъқул буд.
21 Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фаро расид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфате ороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон ва мардуми баобрӯи сарзамини Ҷалилро даъват намуд. 22 Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид, ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз ин рӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам». 23 Подшоҳ Ҳиродус қасам хӯрда гуфт: «Ҳар чӣ ки пурсӣ медиҳам, то ҳатто нисфи мамлакатамро».
24 Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, ки чӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун».
25 Духтар базудӣ назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам, ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе ба ман ҳадя кунед».
26 Шоҳ хеле ғамгин шуд, вале аз барои қасами хӯрдааш ва меҳмононаш хоҳиши духтарро рад кардан нахост. 27 Бинобар ин шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду 28 рӯи табақ гузошта ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш дод.
29 Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд, омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд.
Бо панҷ нону ду моҳӣ сер кардани зиёда аз панҷ ҳазор кас
30 Вакилон ба назди Исо баргашта кори кардаашон ва ба мардум чизи таълим додаашонро нақл карданд.
31 Азбаски рафтуомади мардум чунон зиёд буд, ки Исо ва вакилонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан надоштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Танҳо худатон биёед, ки ҷои хилвате биравем ва каме истироҳат кунед». 32 Пас, ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷои хилвате рафтанд.
33 Бисёр одамон рафтани онҳоро диданд ва онҳоро шинохта, аз ҳар қишлоқ пиёда аз пасашон шитофтанду пеш аз онҳо ба он маҳал омада расиданд. 34 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳолашон раҳмаш омад, зеро ки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон буданд ва ба онҳо таълим додани чизҳои зиёдеро сар кард.
35 Бегоҳӣ шогирдон назди Исо омада гуфтанд: «Ин як ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд. 36 Мардумро фиристед, ки ба деҳоту қишлоқҳои атроф рафта, барои худ хӯрдание харанд». 37 Вале Исо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон пурсиданд: «Ба фикри шумо, мо бояд рафта ба дусад динор нон харида, ба онҳо диҳем?» 38 Исо гуфт: «Рафта бинед, ки шумо чӣ қадар нон доред». Онҳо фаҳмида омада ба Ӯ гуфтанд: «Ҳамагӣ панҷ нону ду моҳӣ ҳаст».
39 Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумро гурӯҳ-гурӯҳ рӯи сабза шинонанд. 40 Одамон бо гурӯҳҳо панҷоҳ ва саднафарӣ нишастанд. 41 Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, бо моҳӣ ба шогирдонаш дод, онҳо бошанд, ба мардум тақсим карданд. 42 Ҳама то сер шудан хӯрданду 43 шогирдон аз нонпора ва моҳиҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабадро пур карданд. 44 Шумораи мардоне, ки нон хӯрданд, панҷ ҳазор нафар буд.
Дар рӯи об роҳ рафтани Исо
45 Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеш ба сӯи Байт-Сайдо раҳсипор шаванд, то худаш мардумро ҷавоб диҳад. 46 Пас аз ҷавоб додани мардум Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад.
47 Шомгоҳон қаиқ ба миёни кӯл расид, Исо бошад, дар соҳил танҳо монда буд. 48 Вақте Исо дид, ки шогирдонаш бо азоб зидди боди мухолиф шино мекунанд, субҳидам рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи онҳо равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣ буд, 49 вале шогирдон дар рӯи об роҳ рафтани Ӯро дида, фикр карданд, ки ин арвоҳ аст ва аз тарс фарёд заданд.
50 Азбаски ҳама Ӯро дида тарсиданд, Исо фавран ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед». 51 Баъд ба қаиқ савор шуд ва ҳамон замон бод аз вазидан монд. Шогирдон бениҳоят ҳайрон монданд, 52 чунки аз сабаби якравиашон ҳанӯз ҳодисаи зиёд шудани нонро нафаҳмиданд.
Шифоёфтани беморон
53 Онҳо ба соҳили дигар расида, дар сарзамини Ҷинесор қарор гирифтанд. 54 Ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд одамон Исоро шинохтанд. 55 Онҳо зуд ба тамоми гирду атроф рафта, беморонро, ҳатто бо ҷойгаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешуниданд Исо буд, меоварданд. 56 Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт.
* 6:14 6:14 Шоҳ Ҳиродус — дар ин ҷо Ҳиродус Антипас мебошад, ки ҳокими сарзамини Ҷалил буд. 6:37 6:37 Динор — дар ин ҷо тангаи румӣ мебошад, ки арзишаш ба маоши якрӯзаи коргар баробар буд.