11
Ба Ерусалим омадани Исо
1 Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода,
2 ба онҳо гуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, харкурраи бастаеро мебинед, ки ҳанӯз ба он касе савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред.
3 Агар касе бипурсад, ки чаро ин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад».
4 Он ду шогирд рафта, харкурраеро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд
5 баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харкурраро мекушоед?»
6 Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд.
7 Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои харкурра партофтанд ва Исо ба он савор шуд.
8 Бисёр одамон ҷомаҳои худро сари роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд.
9 Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд:
«Шаъну шараф ба Худо!
Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!
10 Муборак бошад подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки наздик омада истодааст!
Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»
11 Ҳамин тавр, Исо ба Ерусалим омада, ба Хонаи Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди худ ба Байт-Ҳинӣ равона шуд.
Исо дарахти анҷирро лаънат мекунад
12 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Ҳинӣ мерафтанд, Исо гурусна монд.
13 Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки дар шохаҳояш ғайр аз барг чизи дигаре набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд.
14 Сипас, Исо дарахти анҷирро лаънат карда гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргиз аз ту дигар мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.
Исо Хонаи Худоро тоза мекунад
15 Ҳангоме ки ба Ерусалим даромаданд, Исо ба Хонаи Худо рафт ва онҳоеро, ки дар он ҷо машғули хариду фурӯш буданд, берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард.
16 Вай нагузошт, ки касе чизеро барои савдо аз саҳни Хонаи Худо гузаронад.
17 Сипас мардумро таълим дода гуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман ҷои дуогӯӣ барои тамоми халқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро ба лонаи дуздон табдил додаед».
18 Чун шариатдонон ва сардорони рӯҳонӣ ин суханонро шуниданд, роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд.
19 Худи ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт.
Дарахти хушкидаи анҷир
20 Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ ҳамон дарахти анҷирро диданд, ки аз решааш хушк шудааст.
21 Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кунед! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардед, хушк шудааст!»
22 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед.
23 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархезу ба баҳр биафт“ ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чӣ мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш рӯй медиҳад.
24 Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чӣ дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад.
25-26 Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе хафагие дошта бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонӣ низ гуноҳҳоятонро ба шумо бахшида тавонад».
Саволуҷавоб дар бораи ҳуқуқи Исо
27 Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни Хонаи Худо рафтуо мекард, сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм назди Ӯ омада
28 пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?»
29 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо саволе медиҳам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам.
30 Ба Ман бигӯед, ки ҳуқуқи таъмиддиҳиро ба Яҳё Худо ё инсон дода буд?»
31 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар бигӯем, ки Худо дода буд, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?“
32 Агар бигӯем: „Инсон“…», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум имон доштанд, ки Яҳё пайғамбари Худост).
33 Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».